МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодинҷон барои беҳтар шудани кори дил ва узвҳои ҳозима мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бодинҷон, ки дар байни мардум бо номи «боймиҷон» машҳур аст, дар бозорҳои мамлакат фаровон гардидааст. Бодинҷон сабзавоти фоидабахш буда, дар таркиби худ модаҳои табиӣ ва нахҳои зиёди ғизоӣ дорад. Аз ҷумла, он холестерини хунро кам карда, бемории ҷигарро пешгирӣ менамояд. Ин сабзавот барои беҳтар шудани кори дил ва узҳои ҳозима мусоидат мекунад, чунин тавсия додаанд мутахассисони соҳаи тиб.
Бодинҷон кори дилро хуб намуда, пешобро меронад. Барои бемориҳои дилу рагҳо, ҷигар ва камхунӣ фоидаовар аст. Агар бодинҷонро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад. Инчунин он хосияти бартараф намудани бадбӯӣ аз бадани инсонро дорад.
Ба тавсияи мутахассисон, бодинҷонро сӯхта, хокистарашро бо сирко хамир карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад.
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки бодинҷон бояд хуб пухта шавад. Зеро дар ҳолати хом ё нопухта метавонад моддаҳои носолими он ба организм таъсири манфӣ расонад. Бодинҷон бояд дар бӯғ, танӯр ё бо миқдори ками равған пухта шавад. Аз пухтани он бо равғани зиёдатӣ худдорӣ намоед.
Барои нафароне, ки бемории диабет ё фишори баланди хун доранд, истеъмоли бодинҷон фоидаовар аст. Аммо қабл аз истеъмоли бодинҷон онҳо бояд аз табиб тавсия гиранд.
Агар волидайн бодинҷонро барои кӯдакон дуруст пухта, дар реҷаи муайян барои истеъмол пешниҳод намоянд, барои онҳо фоидаовар аст. Чунки ин сабзавот дорои нахи зиёд аст, ки ба кори рӯдаҳо ва системаи ҳазм кӯмак мекунад. Инчунин бодинҷон ба танзими холестерин ва фишори хун мусоидат мекунад, ки дар рушди солими дил ва рагҳо дар кӯдакон муҳим аст. Он манбаи витамину минералҳо, аз қабили B1, B6, C, K, калий, магний ва мис буда, барои рушди асаб, устухон ва системаи масуният хеле муҳиманд.
Аммо ба кӯдаконе, ки ҳасосият доранд, истеъмоли он тавсия дода намешавад. Барои кӯдакони аз 1,5 то 2 сола ва аз он боло, бодинҷони пухтаро метавон бо дигар сабзавот омехта намуд. Ба кӯдакони то 1 сола истеъмоли ин сабзавот тавсия дода намешавад.
Бештар бонувон аз ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ барои замистон хӯриш омада ва захира менамоянд. Тавсия дода мешавад, ки дар ҳолати омода намудани хӯриш аз ин маҳсулот эҳтиёткор бошанд, зеро нигоҳдории он нозукиҳои махсусро талаб менамояд. Инчунин бодинҷонро бонувон ба шаклҳои гуногун реза карда, дар намакоб як муддат нигоҳ медоранд. Сипас онро дар ҳавои кушод хушк менамоянд. Бодинҷони хушкшударо дар зарфҳои ҳавогузар ва ҷои бенам нигоҳ медоранд. Дар фасли зимистон онро дар хӯриш ва таомҳо истифода мебаранд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ






