МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО РАСИД. Волидайн фарзандони худро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд!

Июнь 4, 2025 10:51

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон талабот ба шиноварӣ зиёд мегардад. Маъмулан дар ин давра соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин фасл аксарияти шаҳрвандон макони истироҳатӣ меҷӯянд, то аз гармии шадид дур бошанд ва ҳам оббозӣ кунанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама бояд қоидаҳои оббозӣ карданро донистан лозим аст. Махсусан падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд, зеро қариб ҳар тобистон дар натиҷаи риоя накардани қоидаи оббозӣ чандин нафар наврасон ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо, кӯлҳо ва каналу дарёҳо талаботи бехатариро пурра риоя кунанд. Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об даромадан мумкин нест. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтмоли ҳалок шудан имконпазир аст. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар аксари маврид одамон дар он маконҳое зери об мемонанд ва ҷонашонро аз даст медиҳанд, ки аз назарҳо дуранд ва аслан барои оббозӣ хеле хатарнок мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки дар назди маконҳои оббозӣ лавҳаҳои махсуси огоҳкунанда насб гардидаанд. Баъзе мутахассисон дар ҷараёни машқҳои тактикӣ ба кӯдакону наврасон, ки ба оббозӣ машғул мешаванд ва ё бо волидони худ дар лаби ҳавзҳо истироҳат менамоянд, риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ мефаҳмонанд.

Мусаллам аст, ки бо фаро расидани таътили тобистона кӯдакону наврасон бештари вақти худро дар лаби рӯдхонаҳо, ҳавзҳои табию сунъӣ мегузаронанд. Аксари онҳо қоидаҳои дурусти оббозӣ карданро намедонанд, аз ин рӯ ҳодисаҳои нохуш зиёд ба амал меоянд.

Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки бояд дар мавзеъҳои махсуси шиноварӣ оббозӣ намуд. Дар ҳолати сархушӣ, шабона, дар мавзеъҳои ношинос, ҳавзҳое, ки обҳои зеризаминӣ доранд, оббозӣ кардан мумкин нест. Кӯдаконро дар мавзеъҳои оббозӣ беназорат гузоштан ва дар матрасҳои резинӣ, камераҳои автомобилӣ ва зарфҳои пластикӣ оббозӣ кардан манъ аст. Беҳтар аст, ки вақти саҳар ё бегоҳӣ- ҳангоми паст будани таъсири нурҳои Офтоб оббозӣ намоед.

Инчунин оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад. Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард. Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

Ҳамзамон аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад.

Мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд дар масофаи на камтар аз 500 метр аз маҷрои ҷоришавии об ҷойгир шуда, фаромад ба соҳили об бояд ҳамвор бошад. Cифати оби ҳавзаҳо бояд ҷавобгӯи талаботи беҳдошти барои истифодаи маишию маданӣ муқарраршуда бошад.

Дар соҳилҳои фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои умумӣ дар назди об ҳатман бояд хоначаҳо барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷабрдидагон, ҷароҳатбардоштагон ва навбатдории доимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳои доруворӣ ташкил карда шавад.

Дар соҳилҳои фароғатӣ ва мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд лавҳаҳои омӯзишӣ ва огоҳкунанда аз ҳолатҳои ногувор дар об дар ҷойҳои дидашаванда насб карда шаванд.

Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад. Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад. Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсуси муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад. Оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2025 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид