Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи сарчашмаҳои ҳаёт дар заминаи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллати мо, ки дар замони Истиқлолият роҳбари сангаршикани миллат гаштанд, бо чашми дурахшон ва дили бедор пай бурданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон — ганҷи бузурги оби тоза, на танҳо барои мо, балки барои инсоният мебошад. Маҳз чунин фаҳмиши дурбинона Тоҷикистонро ба маркази ҷаҳонии мубориза барои ҳифзи табиат ва оби пок табдил дод.
Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид, бозгӯи он аст, ки истиқлолияти воқеӣ — ин танҳо парчаму нишон нест. Истиқлолият — масъулият дар назди башарият аст. Ҳимояи пиряхҳо — ҳимояи зиндагӣ, сулҳ ва ваҳдати миллатҳо мебошад.
Чунон ки Ваҳдати миллӣ моро аз ҷанги дохилӣ ба сӯи созандагӣ ва эҳё овард, ваҳдати экологӣ моро ба як миллате табдил медиҳад, ки барои наҷоти кураи Замин саҳм мегузорад. Пешвои миллат на танҳо меъмори сулҳ ва ваҳдати тоҷикон, балки мубалиғи оби пок барои ҷаҳон гаштааст.
Дар тӯли зиёда аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, мавқеи устувору ташаббускоронаеро касб намудааст. Ҳифзи муҳити зист ва махсусан пиряхҳо – яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Аз рӯйи арзёбиҳои мутахассисони ватаниву байналмилалӣ, Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях дорад, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз дар қаламрави мо ташаккул меёбанд. Таназзули пиряхҳо на танҳо масоили экологии дохилиро, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказиро таҳти хатар мегузорад.
Пешвои миллат доим иброз менамоянд, ки бояд масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати экологии худ қарор диҳем, чунки таназзули онҳо ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа ва ҷаҳон таъсир мерасонад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин як дастоварди бузурги сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Ваҳдат ва Истиқлол – заминаи амалӣ гардидани сиёсати «сабз»
Агар дар мамлакат сулҳу субот, ваҳдат ва истиқлол намебуд, шояд Тоҷикистон наметавонист чунин ташаббусҳои муҳими глобалиро роҳандозӣ ва муваффақона амалӣ намояд. Сиёсати давлатии экологӣ маҳз дар шароити суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ метавонад ба таври густарда рушд ёбад.
Ҳамон тавре ки Пешвои миллат дар баромадҳои худ таъкид менамоянд Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ — неъматҳои бебаҳое мебошанд, ки мо бояд онҳоро ҳамчун чашмаи ҳаёт ва рушд ҳифз кунем. Бе онҳо, на иқтисодиёт рушд мекунад, на фарҳанг ва на муҳити зист.
Бо ҳамин рӯҳия Пешвои миллат дар ҳар баромади худ ҳушдор медиҳанд, ки муносибати инсоният ба табиат бояд масъулона ва дарозмуддат бошад. Ин муносибат танҳо бо иттиҳоди қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ваҳдати миллӣ муяссар мегардад. Пиряхҳо сарчашмаи ҳаётанд. Онҳо на танҳо манбаи оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, балки қисме аз ҳуввияти миллӣ ва табиати нодир мебошанд.
Баъзе роҳҳои халли масъалаи обшавии пиряхҳо
Гармшавии иқлим дигар як масъалаи назариявӣ нест, балки таҳдиди воқеӣ ба ҳаёт ва амнияти миллионҳо инсон мебошад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва Қирғистон, ин таҳдид бо обшавии босуръати пиряхҳои Помир ва Тён-Шон таҷассум ёфтааст.
Пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ дар минтақа ба ҳисоб мераванд, ҳар сол бо суръати нигаронкунанда коҳиш меёбанд. Ба ғайр аз болоравии ҳарорати глобалӣ, як омили дигари муҳими ин раванд чанги хокаи шӯр мебошад, ки аз қаъри баҳри хушкшудаи Арал паҳн мешавад. Ин хоку чанг, ки бо шамол ба минтақаҳои кӯҳӣ мерасад, рӯи пиряхҳоро пӯшонида қобилияти онҳоро барои инъикоси рӯшноии офтоб (яъне албедо) коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, пиряхҳо бо суръат об мешаванд.
Дар чунин шароит, ҷомеаи илмӣ ва сиёсии минтақа бояд лоиҳаи интиқоли қисман оби рӯдхонаҳои Сибир ба ҳавзаи Аралро ҷиддӣ барасӣ намоянд. Албатта, ин лоиҳа бояд бо усули таҳрезии инаватсионӣ амалӣ шавад. Имрӯз сухан дар бораи як консепсияи нави экологӣ меравад, ки бояд бо риояи қатъии меъёрҳои муҳити зист, иштироки байналмилалӣ ва асосҳои илмӣ пеш бурда шавад. Агар дуруст роҳандозӣ шавад, чунин тарҳ метавонад на танҳо аз биёбоншавии минтақаи назди Арал пешгирӣ кунад, балки барои ҳифзи пиряхҳои мо низ таъсири мусбат расонад.
Як роҳи дигари муҳими ҳифзи захираҳои обии минтақа — сохтмони обанборҳои танзимшаванда дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Ин иқдом метавонад ҳам хатарҳои сели баҳориро кам кунад ва ҳам обро барои истифодаи баъдӣ захира намояд — дар шароите, ки талабот ба об торафт бештар мешавад.
Ҳамзамон, дар шароити коҳиши боришоти табиӣ, истифодаи технологияҳои бороновар низ метавонад як роҳи муассир гардад. Таҷрибаи Федератсияи Русия дар ин самт намунаи хуб аст: ҳавопаймоҳои махсус «Зондировщик Як-40» қодир ҳастанд, ки дар минтақаҳои муайян дар фасли тирамоҳ ва зимистон боришотро ба вуҷуд оваранд. Ин усулро метавон дар кӯҳҳои Помир ва Тён-Шон дар фаслҳои тирамоҳ — зимистон низ ҷорӣ намуд.
Аммо барои амалӣ шудани чунин тарҳҳо, ҳамкории фаромарзӣ зарур аст. Ташкили як консорсиуми байналмилалӣ бо иштироки кишварҳои минтақа — Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон — якҷоя бо Федератсияи Русия, ки Штаб-квартираи он дар шаҳри Душанбе ҷойгир бошад метавонад роҳи ҳалли мушаххас ва устуворро фароҳам созад. Ҳамин гуна ҳамкорӣ метавонад пояи дипломатияи нави экологӣ дар фазои Авруосиё гардад.
Имрӯз ҳифзи пиряхҳо — танҳо масъалаи муҳити зист нест. Ин масъалаи амнияти озуқаворӣ, рушди устувор ва сулҳу суботи тамоми минтақа ва ҷаҳон аст. Захираҳои об ба сармояи стратегӣ мубаддал ёфтаанд ва муносибат бо онҳо бояд ҷиддӣ ва дурбинона сурат гирад.
Вақти амал кардан ҳоло аст. Агар мо имрӯз чора наандешем, фардо дер хоҳад шуд. Танҳо бо талошҳои муштарак, илмӣ ва масъулиятнок метавонем табиатро ҳифз намоем ва барои наслҳои оянда муҳити зисти солим ва устувор ба мерос гузорем.
Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода,
таҳлилгари масъалаҳои соҳавӣ
АКС: АМИТ «Ховар»