Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд

Июнь 24, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Панҷоб»-и қисми низомии Отряди сарҳадии  «Ҳамадонӣ»-и Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи афғон ошкор ва пешгирӣ гардид.

Ҳангоми кӯшиши боздошти аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб, онҳо ба амри кормандони амниятӣ ва сарҳадбонон барои таслим шудан итоат накарда, аз силоҳу лавозимоти ҷангии дар ихтиёрашон дошта муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд.

Зимни амалиёти ҷангӣ аз тарафи кормандони Гурӯҳи фаврӣ ва сарҳадбонон маҳорати баланди касбӣ ва омодагии ҳарбӣ-ҷангӣ нишон дода шуда, саркардаи гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбар, 50 сола, зодаи қарияи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон дар ҷойи ҳодиса безарар карда шуд. Аъзои дигари гурӯҳи мусаллаҳи фаромиллии нашъаҷалоб, ки дар пайгарди қонунии мақомоти амният қарор доранд, ба самти Афғонистон фирор намуданд.

Дар натиҷаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори махсусан калони воситаи нашъадори навъи «ҳашиш», як адад автомати Калашников АК-74, 3 адад тирдон ва 87 дона тири қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира кард шуд.

Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадор дар вилояти Хатлон,  маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиаш 71 килограмму 929 грамро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастрасии моддаҳои 200,  қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки Сарҳади давлатии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди минтақа буда, кормандони амният ва марзбонони тоҷик бо заҳматҳои шабонарӯзӣ онро ҳифз менамоянд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкору пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дар хатти сарҳад муқовимати беамонро ба роҳ мондааст ва Сарҳади давлатиро, ки яке аз рукнҳои асосӣ ва калидии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, чун гавҳараки чашм ҳимоя  менамояд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори трансмиллӣ бо истифода аз марзи тӯлонӣ ва мавқеи ҷуғрофии сахту осебпазири минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон ба қочоқи маводи мухаддир даст мезананд. Дар натиҷаи амалҳои ҷинояткоронаи онҳо садҳо нафар гирифтори бемории нашъамандӣ гардида, ба ҳалокат мерасанд, наздикону пайвандони хешро бо бадбахтию хонавайронӣ рӯ ба рӯ месозанд.

Дар баробари терроризм ва экстремизм, қочоқи воситаи нашъадор ҷинояти ниҳоят вазнин маҳсуб ёфта, пайомадҳои он барои башарият фалокатбор мебошад.

Афроди ҷиноятпеша бояд фаромӯш насозанд, ки марзу буми кишварҳои соҳибихтиёр ба ҳайси нишонаи муҳимми давлатдории он эътироф шудааст. Бинобар ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ, қотеъона ва беамон муҳофизат карда мешавад. Ҳар қонуншикане, ки онро рахна карданӣ мешавад, ҳатман ба сазои аъмолаш хоҳад расид.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд