Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешавад

Июнь 21, 2025 11:42

ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 июн дар пойтахт — дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон»  баргузор мегардад. Дар инҷо  навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ ва зироати полезӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамчунин дар макони баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан, дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав таҷдиди назар ин тантанаҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд. Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра гандум расида, меваҳо мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.

Тибқи суннатҳои Тиргон, айёми таҷлили он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона хурсандӣ мекарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2025 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд