Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон

Июнь 22, 2025 08:00

22.06.2025, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба ҳамаи шумо самимона табрик менамоям.

Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад.

Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.

Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.

Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад.

Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст.

Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст.

Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд.

Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад.

Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд.

Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтаанд.

Орзумандем, ки ҷашни Тиргон низ дар наздиктарин фурсат ба чунин мақом сазовор гардад.

Дар ин росто, моро зарур аст, ки хусусиятҳои барҷаста ва манфиатовари онро боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем.

Ҳамватанони азиз!

Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад.

Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд.

Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки ин ҳама пешниҳоду ташаббусҳо саҳми кишвар ва мардуми мо дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ ва беҳтар сохтани шароиту имкониятҳои зиндагӣ барои сокинони сайёра мебошад.

Мардуми мо, ки соҳиби суннатҳои бостонӣ ва созандагиву ободкорӣ ҳастанд, беҳуда обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободӣ нагуфтаанд.

Ба ин маънӣ, ҷашни Тиргон ойини покиву тозагӣ, ободкориву созандагӣ ва идомаи мантиқии ҷашни Наврӯз мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон – сарзамини куҳанбунёди аҷдодии хеш равона месозанд.

Фарорасии ҷашни Тиргонро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд.

Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Июнь 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд