Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Июнь 5, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар робита ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимонаи инҷонибро иброз намоям.

Интихоб гардиданатон ба ин маснади олӣ пеш аз ҳама нишонаи эътимоди мардум ба сиёсати пешгирифтаи Шумо дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Мо Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем.

Таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории созандаи гуногунҷанба бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии ҳамкории ду кишвар омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ин раванд мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон таъкид менамоям.

Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо шарикии созандаи кишварҳоямонро идома дода, дар ин ҷода ба натиҷаҳои самарабахш ноил хоҳем гашт.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил, дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу амонӣ ва шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

Июнь 5, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон