Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ба истифода доданд

Июнь 27, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки қитъаи роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст.

Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмиллалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.

Бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони байналмилалӣ корҳои таҷдиди роҳ, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар дар шароити мураккаби релефи кӯҳӣ ба анҷом расида, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва иртиботи минтақаҳоро таъмин менамоянд.

Сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми аҳолии деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи беназири инсонпарварона нисбати рушди устувор ва беҳбудии зиндагии сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми минтақаи кӯҳистони вилоят сипосу миннатдорӣ баён менамоянд.

Зеро соли 2015 дар натиҷаи рух додани ҳодисаи табиӣ роҳи ин мавзеъ зери об монда, рафтуомади мардум бо мушкили мувоҷеҳ шуда буд.

Маҳз бо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дар муддати кутоҳ ин роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ навсозӣ шуда, барои бехатарии мардум долони зидди тармавӣ ва иловатан пули мошингузар сохта шуд.

Бояд гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа намунаи равшани сиёсати давлат дар самти ҳамбастагӣ бо мардум, таъмини дастрасӣ ба роҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳадафмандона амалӣ гардид.

Ифтитоҳи 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон 27.06.2025

Июнь 27, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ