Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

Июнь 17, 2025 11:59

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд.

Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Сарвари давлати моро бо баргузорсозии босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфтанд.

Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид доштанд, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.

Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад.

Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад.

Бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста шуд.

Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.

Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули андеша сурат гирифт.

Ҳар ду ҷониб оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар соли равон истиқбол карда шуд.

Cатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” таъкид гардид.

Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид доштанд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

— Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 17.06.2025

Июнь 17, 2025 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026