Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июнь 7, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 июн суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири Покистон ба ифтихори иди саиди Қурбон мубодилаи табрикот намуданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин, ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии пойдор орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, алоқаманди ду ҷониб ба пешбурди ин муносибатҳо дар руҳияи шарикии стратегӣ таъкид гардид.

Июнь 7, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон