Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд

Июнь 9, 2025 20:40

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд ва ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд.

Ба андешаи Роҳбари давлати мо гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба уқёнусҳо алоқаманд набошад ҳам,  дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим нақши калидӣ дорад.

Гуфта шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе”, дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва  молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳам меоранд.

Вобаста ба мушкилоти дигари сайёра — обшавии пиряхҳо андешаронӣ намуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза ба шумор мераванд, дар нигаҳдории экосистемаи глобалӣ нақши муҳим мебозанд.

“Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст”, таъкид намуданд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милал, ҳамзамон, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад ва Тоҷикистон рӯзҳои 29-31 майи соли равон мизбони ҳамоиши аввалини байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо шуд.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки чорабинии мазкур ба як платформаи муҳим барои баррасии тадбирҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо табдил ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи уқёнус ва захираҳои обро вазифаи тамоми кишварҳои ҷаҳон номида, изҳор доштанд, ки танҳо тавассути андешидани тадбирҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуда метавонад.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи экосистемаҳои соҳилӣ ва баҳрӣ ва минтақаҳои ташаккули манбаъҳои оби тоза теъдоди фондҳои глобалӣ ва ҳаҷми маблағгузориҳо афзун карда шаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки чорабинии имрӯза барои татбиқи уҳдадориҳои нав дар самти ҳифзи уқёнус ва мавҷудоти зериобӣ заминаи пойдору устувор хоҳад гузошт.

Иштирок дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 09.06.2025

Июнь 9, 2025 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026