Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид менамояд

Июнь 1, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷаи фард, ҷомеа ва давлату миллат мебошад. Бо ҳамин асос ҳамасола 1 июн дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муқаррар гардидааст.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун аъзои муҳими ҷомеа таъкид мекунад ва моро вазифадор менамояд, ки ҳар кӯдак бояд ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва муҳити бехавф барои ба воя расидан дар он дастрасӣ дошта бошад. Дар ин рӯз маъмулан чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмунҳои расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешаванд. Ҳамзамон метавон илова намуд, ки Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон яке аз санаҳои муҳим дар раванди ташаббусҳои оммавии башарият барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва ҳалли мушкилоти кӯдакон ба ҳисоб меравад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакон ва наврасон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалияти муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Бо назардошти ин муқаррароти барномавии Конститутсия барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои кӯдак якчанд  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ба рушди кӯдакон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва кодексҳои оила, тандурустӣ, меҳнат, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маданӣ мисол шуда метавонанд.

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон бо дигар қонунгузории миллӣ татбиқ гардида, ҷиҳати амалисозии самараноки ин раванд стратегия, консепсия ва барномаҳои зиёди давлатӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон Тоҷикистон аз соли 1993 иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва ду протоколи факултативӣ ба он мебошад.

Бояд гуфт, фаъолияти механизмҳои миллӣ ё субъектони ҳифзи ҳуқуқи кӯдак сол то сол таҳким ёфта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ, муқаррароти қонунгузорӣ, амалисозии барномаҳои стратегӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва дар маҷмуъ барои ҳалли мушкилоти самти ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мусоидат менамоянд. Дар ин робита дар мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва доираи салоҳияту ваколатҳои онҳо тасдиқ гардидааст.

Чунин воҳидҳои сохтории махсус дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудаанд.

Албатта, додани илму дониш ва тарбияи хуб ба кӯдакон вазифаи авалиндараҷаи волидайн, ҷомеа ва давлат мебошад. Дар ин ҷода дар мамлакат бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шароити созгор барои таълиму тарбия ва донишандӯзии кӯдакон муҳайё гардидааст. Бубинед, ҳамасола даҳҳо муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо шароити ҳозиразамон ба истифода дода мешаванд. Инчунин озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва амсоли онҳо, ки ба рушди зеҳнии кӯдакон мусоидат менамоянд, аз ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд, ки ин ғамхорӣ нисбат ба насли наврас мебошад.

Албатта, китоб барои кӯдакон на танҳо манбаи иттилоот, балки равзанаи ҷаҳони навест, ки пур аз сафарҳову кашфиёти аҷиб мебошад. Китоб дониш дода, тафаккур, тасаввурот ва нутқро рушд медиҳад. Аз ин рӯ ба хотири ҷалби бештари кӯдакон барои донишандӯзӣ чанд сол аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ намоишгоҳҳои китобҳои бачагона доир мегардад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо ғамхории зиёд зоҳир менамоянд.

Қутбиддин МУМИНЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?