Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 26 июн маълум мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро эълон кард. Қуръакашӣ 26 июн баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 44-ум қарор дорад, дар сабади дуюм ҷой гирифтааст. Акнун дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар як гурӯҳ бо Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Австралия, Лубнон, Мянмар, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия бозӣ намекунад.
Дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 30 даста бозӣ мекунад, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳро ташкил медиҳанд: шаш гурӯҳ аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ аз се даста иборат аст.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд






