Садҳо нафар варзишгарони навраси ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба майдонҳои футбол баромаданд

Июнь 3, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру наҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бозиҳои ҷолиби мусобиқаи «МегаФон Life ҳамқадами футбол»,ки аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил гардид, гузаронида шуданд. Садҳо нафар варзишгарони наврас дар майдонҳои Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав ҷамъ омада, истеъдод ва иродаи худро баҳри ғалаба озмуданд.

Мусобиқа байни наврасон дар ҳамаи шаҳрҳои мамлакат баргузор мегарданд. Танҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 1000 нафар футболбозони навраси аз 8 то 12-сола дар ин лоиҳаи васеъмиқёс иштирок намуданд. Барои ҳамаи онҳо ин рӯйдоди махсус дар ҳаёт аст, чунки пештар онҳо танҳо дар мактаб ё бо дӯстон дар кӯча имкони зарбазадани тӯбро доштанд. Ҳоло бошад маҳорату малакаи худро дар майдони касбӣ ва дар назди тамошобинони зиёд нишон дода метавонанд.

«Ин мусобиқа –як орзуи воқеист! Ман ҳеҷ гоҳ дар бозии дар чунин сатҳ доиргашта иштирок накардаам. Умедворам, ки дар оянда метавонам дар футбол ба комёбиҳои бузург ноил шавам, » — иброз дошт бозингари 12-сола Илёс Давлатов.

«Мо итминон дорем, ки дастгирии истеъдодҳо муваффақияти ояндаи футболи тоҷик аст. Наврасон на танҳо бо варзиш машғул шаванд, балки пайваста инкишоф ёбанд, аз ҷумла бо рақибони пурқуввати дигар шаҳрҳо рақобат намоянд. Мусобиқа барои наврасон як қадами нав буда, ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба худ бовар кунанд ва шояд орзуи пирӯзиро дар футболи касбӣ дошта бошанд», — афзуд директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов.

«Футбол як бозии махсус аст. Наврасон дар як даста кор кардан ва ташаккул додани руҳияи даставиро меомӯзанд. Аз ин рӯ, беҳтарин иштирокчиёни мусобиқа соҳиби ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ мегарданд. Онҳо мефаҳманд, ки муваффақияти шахсӣ ва муваффақияти кулли даста дар дасти худи онҳост. Ин чизи асосиест, ки дар мусобиқаба даст меояд», — афзуд директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев.

Санаи баргузории мусобиқа ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон шудааст, рост меояд.

Шарики бозиҳо дар ҷумҳурӣ Ҷаъмияти соҳомии пӯшидаи «Яхмоси 33» мебошад. Дар рӯзи ниҳоии бозиҳо дар Хатлон ширкат барои варзишгарони наврас ва меҳмонони мусобиқа сюрпризи ширин – яхмоси болаззат омода кард. Ин туҳфа, воқеан кӯдаконро шод кард ва ба мусобиқа боз ҳам гармиву самимият зам намуд.

Мо интизори бозиҳои навбатии мусобиқаи «МегаФон Life ҳам қадами футбол» дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастем!

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад