Сафири Тоҷикистон бо Раиси Шурои идории Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангӣ Аморот мулоқот намуд

Июнь 14, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Раиси Шурои идории Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Комил Ал-Муайнӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Арабро дар самти бозомӯзии кормандони хизмати дипломатӣ баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо зарурати ташкили  курсҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкили давраҳои омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ дар институти мазкур, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро таъкид намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб

 

 

Июнь 14, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд