Сафири Тоҷикистон бо Раиси Шурои идории Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангӣ Аморот мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Раиси Шурои идории Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Комил Ал-Муайнӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Арабро дар самти бозомӯзии кормандони хизмати дипломатӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо зарурати ташкили курсҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкили давраҳои омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ дар институти мазкур, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






