ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 2, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.

***

Соли 1963 дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» (ҳоло «Ҷаҳони паём») нашр шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2004 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.

***

13 сол пеш, 2 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

2 июни соли 2012 бо қарори Шурои илмии Донишгоҳи Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

***

2 июни соли 2014 мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал баргузор гардид. Зимни мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

***

2 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, ба мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобили судманди ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

***

2 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

***

2 июни соли 2021 мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон баргузор гардида, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот намуданд. Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари доду гирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.

***

2 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом- Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти  Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

***

Дар ҳамин рӯзи соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари  ин давлати дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дубора ба муддати чаҳор соли нав президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуданд.

2 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Италия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.

 

Июнь 2, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд