Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад

Июнь 26, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бисту ҳашт сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Ваҳдати миллӣ дар ҳалқаи давлатҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати Президенти Тоҷикистон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Чунин иброз намудааст Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти    назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки  ба унвони  АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

— Имрӯз каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолии мамлакат паси сар монд. Санаи бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷавондмарди даврони худ ба низоъҳои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар мамлакат барқарор гардониданд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш оварданд, кафили истиқлоли сиёсии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гаштанд, ки  Пешвои тоҷикон   миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад, хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат мебахшанд.

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққатҳои зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Он волотарин шоҳасари миллӣ маҳсуб ёфта, мавриди омӯзиши кулли мардуми сулҳхоҳи олам қарор дорад. Чунон ки худи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд: «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан, ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳоварӣ эътироф гардид».

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумон аз он ибтидо мегирад. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари давлат аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки натанҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи сарварии Пешвои миллат  имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.

Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Сарвари давлат  чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба  Пешвои мо  ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ дорад. Ҳамзамон, бовар дорем, ки Роҳбари давлати мо аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада   метавонанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ҳар гӯшаи олам, ки сухан ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо меравад, номи Тоҷикистон низ ҳамрадиф бо онҳо садо медиҳад ва номи Роҳбари давлат чун ғамхори аҳли башар ёд мешавад.

Чунин ибтикори шоиста бозгӯйи онанд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҷомеаи тоҷикон иқдоми созандаро амалӣ месозад, балки дар ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об, балки дар масъалаи сулҳофарӣ низ мақоми Пешвои байналмилалиро доро мебошанд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои давлатро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ба тафаккури мардуми мо нуфуз пайдо кунанд.

Хотимаи сухани худро мехоҳам бо он ибораҳои заррине, ки дар шоҳасари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих» омадааст,  анҷом бахшам:  «Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем».

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМИ ҲУВИЯТСОЗИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм» ба нашр расид
Бахшида ба 570-солагии рассом Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар даврони истиқлолият
Филми бадеии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» дар Теҳрон рӯнамоӣ гардид
Бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент дар мавзуи «Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Дар Маркази инноватсионии Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ коргоҳи истеҳсоли маводи доруворӣ ба истифода дода шуд
«РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ». Дар Бӯстон ба ифтихори бунёдгузори адабиёти тоҷик озмун доир гардид
ВАРО БУЗУРГИЮ НЕЪМАТ ЗИ ОЛИ СОМОН БУД. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ