Тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муовини Раиси шаҳри Теҳрон Муҳаммадамин Таваккулзода вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.
Дар оғози мулоқот бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ҳамкории гуногунҷанба байни ду давлати дӯсту ҳамзабон – Тоҷикистон ва Эрон таҳким ёфта, сол ба сол густариш меёбад.
Зимни вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд байни шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо бо таъкид бар он, ки имсол аз имзои Ёддошти тафоҳум доир ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон 30 сол сипарӣ мешавад, омодагиашонро ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории бародаршаҳрӣ эълон карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






