ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тобистон дар Тоҷикистон давраи фаровонии меваю сабзавот мебошад ва ин давра аз меваю сабзавот омодасозии шарбат, афшураву консерваҳо ва захираи онҳо барои зимистон хеле мусоид аст. Ҳоло дар бозорҳои мамлакат зардолу, олу, олуча, қулфинай, гелос ва дигар меваю сабзавот фаровон мебошад ва баъди чанд рӯзи дигар метавон аз онҳо барои зимистон захира омода кард. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот чӣ бояд кард?
Тибқи тавсияи мутахассисон, ҳангоми коркард, омода намудан ва нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда бонувон бояд қоидаҳои санитарию гигиениро ҳатман риоя намоянд. Меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд, ки дар тамоми фасли сол барои организм заруранд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки барои организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, барои омода намудани консерва аз сабзавоти вайроншуда, пӯсида ва дигар иллатдошта худдорӣ бояд кард.
Дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури Офтоб хушк мекунанд, ки ин ба захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар Офтоб асту ба қисми дигар нури он намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст.
Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.
Коркард ва нигоҳдорӣ дар хона бояд хеле бодиққат ва амиқ анҷом дода шавад. Баъд аз маҳкам намудани зарфи консерва онро ғелонед, то боварӣ ҳосил кунед, ки сарпӯш пурра маҳкам шудааст, вагарна ҳавое, ки пас аз гардиш дар онҳо баста мешавад, боиси ферментатсияи маҳсулоти дохили зарфҳо мегардад ва онҳо метарканд. Баъди каме хунук шудани зарфҳоро ба ҷои нигоҳдории доимӣ кӯчонидан ва чаппа гузошта, болояшонро бо матои ғафс пӯшонидан даркор аст, то гармӣ нигоҳ дошта шавад. Новобаста аз он ки чӣ гуна консерва аст, беҳтар аст, ки онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред, махсусан аз ҳарорати баланд ва нури Офтоб бояд дур нигоҳ дошт.
Агар зарфи консервашуда сарпӯшаш дамида ва обаш тирагашта бошад, онро истеъмол накунед ва аз он ҳатто начашед. Зеро миқдори камтарини заҳри ботулинӣ хатарнок аст. Инчунин ба хӯришҳои аз боимҷон, бодиринг ва карам, лўбиёи сабз, лаблабу, занбӯруғ омодашуда аҳамият диҳед. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол накунед.
Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани маҳсулот ё дар шароити хона нокифоя тамиз кунондани зарфу маҳсулот, риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм пайдо мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






