ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агар хоҳед, ки хушкмеваи шумо сифат ва таъми хуб дошта бошад, барои хушконидан меваи каме пухтаро интихоб намоед. Чунки меваи аз ҳад пухта дар вақти хушконидан сифаташро гум мекунад. Агар хушкмеваи шумо аз меваи хом ё каме нопухта омода шуда бошад, онгоҳ таъми лазиз надошта, онро дурру дароз захира карда намешавад. Меваҳои хушк калсий, магний ва оҳанро дар худ нигоҳ медоранд, ки барои системаи масуният муҳим буда, кори дил, меъдаю рӯдаро ба танзим медарорад. Чунин иброз намуд сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Исфара Мирилёс Ҳамзаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Мирилёс Ҳамзаев иброз намуд, ки хушкмева яке аз маҳсулоти асосии содиротии мамлакат маҳсуб меёбад. Сол то сол талабот ба хушкмеваи тоҷикӣ аз хориҷи мамлакат бештар шудааст. Аз ин рӯ, дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад.
Агар чанд сол пеш меваҳои тару тоза бо усули анъанавӣ, яъне дар зери офтоб хушк мешуд, имрӯзҳо бо ворид намудани технологияҳои муосир тарзу усули хушк намудани он низ тағйир ёфтааст.
Раванди хушк намудани мева дар зери офтоб чӣ гуна аст?
Барои хушк намудани мева беҳтар аст, ки пухташударо интихоб намоед. Вақте, ки меваро ҷамъоварӣ мекунед, онро бояд дар оби лимӯ, оби бо шакар омехтакарда ё намакоб тар намоед. Баъзе аз меваҳои донакдокдор, ба монанди себу нокро дар намакоб як муддат нигоҳ доштан мумкин аст. Намакоб сифат ва ранги меваро нигоҳ медорад.
Зардолуро бошад, баъд аз ҷамъоварӣ дар қуттиҳои махсуси чӯбин гузошта, зери чодари плостикӣ ба дуди ортингӯгирд мегузорем, то хушрангу пурҷило гардад. Сипас онҳоро хушк намуда, дар борхалтаҳо гирифта, дар тагхона ва ё ҷойи салқин захира менамоем. Агар хоҳед, зардолуи хушкнамуда бе донак бошад, баъд аз дуди орингӯгирд донакҳои онҳоро ҷудо карда мегирем.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар мамлакат баъзе аз навъҳои зардолу ҳаст, ки дар танаи дарахт низ хушк мешавад. Он бо таъм ва ранги худ аз зардолуи хушкнамуда бо дуд фарқ мекунад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки пеш аз хушк намудан баъзе аз меваҳоро ба як андоза пора ва донакҳои онро ҷудо намудан лозим аст. Агар дар вақти пора кардани мева андозаи онҳо аз якдигар фарқ намояд, онҳо баробар хушк намешаванд.Инчунин меваро набояд дар офтоби баланд хушк намуд. Он бояд дар ҳавои кушод ва зери соя хушк карда шавад. Дар боли онҳо дока ё матои тунук пӯшонидан лозим, то гарду ғубор нагиранд.
Меваи хушк намиро ба осонӣ ҷаббида мегирад, бинобар ин барои нигоҳдорӣ зарфҳои шишагӣ ё зарфҳои пластикиро истифода баред. Халтаҳои бофташуда низ мувофиқанд. Баъди хушк кардан, зарфро маҳкам накунед, зарфҳоро 2—3 рӯз кушода монед — намии боқимонда аз байн меравад ва дар ин ҳолат меваи хушк дурру дарозтар нигоҳ дошта мешавад.
Хушк намудани мева бо технологияҳои муосир
Имрӯзҳо бо ворид намудани технологияҳои муосир тамоми навъҳои мева дар тафдонҳои махсус хушк карда мешаванд. Онҳо аз ҳисоби гардиши доимии гармӣ дар дохили тафдон хушк мешаванд. Меваи интихобшударо ҳангоми буридани якхел ва дар шарбати лимӯ ё оби шӯр тар намудан лозим аст. Мева бояд баробар ва аз ҳамдигар дуртар ҷойгир шавад, то ҷараёни кофии ҳаворо таъмин кунад. Ҳарорат дар тафтон вобаста ба мева таъмин карда мешавад. Инчунин ба воситаи ин тафтонҳо меваҳоро бо шамол низ хушконидан мумкин аст. Давраи хушккунӣ мева аз 6 то 12 соат аст. Пас аз он хушкмеваро дар зарфҳои мувофиқ нигоҳ дошта, дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доштан зарур аст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ноҳияи Кӯшониён Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ» фаъолият мекунад, ки дар он аз хурмо хушкмеваи (чипси) хушсифат истеҳсол мегардад. Дар корхона дар як сол тақрибан 15 тонна хушкмева (чипс) истеҳсол мешавад. Меваи хурмо аз боғпарварони ноҳия дастрас карда мешавад. Барои хушк намудани хурмо таҷҳизоти техникӣ аз давлатҳои хориҷӣ харидорӣ шудааст. Инчунин дар кооператив навъҳои дигари меваҳо низ хушк карда мешаванд.
Ин навъи хушкмева дар борҷомаҳои махсус бастабандӣ шуда, дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Инчунин қисме аз он ба содирот нигаронида мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз