1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сол пеш, 5 июли соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлатии кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд.
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои Парлумон бо санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст
Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ- ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Бинои Парлумон шакли росткунҷа дошта, бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ва таҷҳизоти пешрафтаи муҳандисӣ сохта шудааст.
13 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони он санги асос гузоштанд. Сохтмони бинои Парлумон моҳи августи соли 2020 оғоз гардид.
Дар сохтмони маҷмааи бино, ки намои он бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар бинои замонавӣ шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки солҳои охир зери таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду ободии пойтахт такони тоза ва илҳомбахш дода шуда, корҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ амалӣ мегарданд.
Душанбе ҳоло ба шаҳри замонавии дорои инфрасохтори муҳташами иҷтимоию фарҳангӣ, биноҳои хуштарҳу осмонбӯси истиқоматӣ, боғҳои дилпазири фароғатӣ, майдонҳои муҷаҳҳази варзишӣ, роҳҳои мумфарши сатҳи байналмилалӣ, гулгашту хиёбонҳои дилрабо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ табдил ёфтааст.
Бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон ба заминҷунбии то 9 балла тоб оварда метавонад
Лоиҳаи сохтмони бинои нави Ҳукумат якҷоя бо ташкилоти пешбари лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шаҳрсозӣ ва ҳудудсозии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия шудааст. Сохтмонро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тсзянсу Тсзянду» анҷом додааст.
Бинои Ҳукумат бо миқёс, нозукиҳои мукаммали худ, ки меъмории миллии муосири тоҷикро бо услуби махсус ва ҳашаматаш ба ҳам мепайвандад, касро ба ҳайрат меорад. Тарҳи асосии лоиҳаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намудаанд.
Тавре Раиси ширкати IPPR-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳандиси генералӣ оид ба лоиҳакашӣ Ҷан Тонг И зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки кӯшиш кардем, ки ҳангоми нақшакашӣ ва сохтмон ҳама талабот ва тавсияҳои ҷониби Тоҷикистонро иҷро намоем.
«Дар сохтмони бино мармар, чӯбу тахта, масолеҳи бинокории аз ҷиҳати экологӣ хушсифат истифода бурда шуд. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ин бино ду дарахти шоҳбулут ҳифз карда шуд, ки имрӯз ба тарҳи нави умумӣ мувофиқат мекунанд. Ростӣ, ранги берунаи биноро низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд. Қариб ҳамаи маводи ороишӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони машҳур истеҳсолшуда, аз Чин ворид гардид. Зиёда аз 10 ҳазор тонна масолеҳ барои ороиши берунаи бино аз хориҷ ворид карда шуд», — гуфт Ҷан Тонг И.
Утоқҳои барҳаво, толорҳои муҷаҳҳазшудаи замонавӣ барои вохӯриҳо, ки калонтаринашон барои 1000 нафар пешбинӣ шудаанд, бо ҳашаматнокӣ ва технологияи муосир касро ба ҳайрат меорад.
Дар тӯли тамоми кори сохтмони бино беш аз 1500 нафар коргар, ҳам аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва ҳам аз Чин ҷалб карда шуд. Дар ҳамин ҳол бештари коргарони ҷониби Чин аз дигар мамлакатҳо-Қазоқистон, Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд. Тақрибан 80 фоизи коргарон аз Тоҷикистон ва 20 фоизи он аз Чин буданд.
«Вазифаи асосии лоиҳакашӣ, ин ба назар гирифтани сейсмикии минтақаи сохтмон буд. Бино бо назардошти тамоми қоидаҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба заминларзаи то 9 балла тоб оварда метавонад. Барои таъмини бехатарӣ мутахассисон озмоиши муқовимат ба сейсмикӣ гузарониданд. Бино ба мардуми тоҷик беш аз 100 сол хизмат хоҳад кард»,-иброз дошт мутахассис.
Дар сохтмони иншоот заҳмату масъулияти мутахассисону коргарони тоҷик шоистаи таҳсин аст.
«Шояд дар оянда мо ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтани иншоот дар мамлакатҳои дигар ҳамкорӣ карда тавонем. Дар айни замон ширкати мо дар беш аз 100 мамлакати дунё лоиҳакаширо анҷом медиҳад, мутахассисони хуб ҳатман лозим мешаванд. Мехоҳам, ки меъморону бинокорони тоҷик ба Чин оянд ва бо дастовардҳои мо дар соҳаи сохтмон ошно шаванд», — гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумон ба шаҳрвандон ва меҳмонон хеле писанд омадааст. Имрӯзҳо шомгоҳон дар паҳлӯи ин биноҳо шумораи зиёди сокинонро дидан мумкин аст, ки бо фарзандони худ қадам зада, аз манзараҳои зебову дилфиреби ин биноҳо дидан мекунанд. Бо гашту гузор кардан дар назди ин биноҳо сокинон шукрона аз тинҷиву осоиштагӣ ва осомони софу беғубори Ватан намуда, фахр аз ободиву шукуфоии пойтахти азиз менамоянд.
Пас бо боварии комил бояд гуфт, ки бунёди ингуна биноҳои муҳташам ва бо тарҳу услуби муосир дар рушди санъати меъморӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ метавонад нақши назаррасу худро гузорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»