11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид

Июль 1, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 сол қабл, яъне 1 июли соли 2014 нахустин маротиба дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ дар чӣ буд ва давоми солҳои фаъолият чӣ гуна натиҷаҳо ба даст омаданд?

Зиёд шудани шумораи довталабон натиҷаи боварӣ ва исботи низоми татбиқгардида мебошад

Тавре муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ Абдулбосит Шодиниё дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, таъсиси Марказ ва ҷоришавии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҷумлаи дастоварду комёбиҳои соҳаи маорифи мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Агар 11 сол қабл, яъне 1 июли соли 2014 дар 33 маркази имтиҳонӣ 9 ҳазору 526 довталаб иштирок намуда бошад, имрӯз, яъне 1 июли соли 2025 дар 47 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардида, аз 11 ҳазору 960 зиёд довталаб иштирок менамояд. Зиёд шудани шумораи довталабон натиҷаи боварӣ ва исботи низоми татбиқгардида мебошад.

Ба иттилои номбурда, имсол тариқи Маркази миллии тестӣ 87 ҳазору 866 нафар синфҳои 11 ва зиёда аз 19 ҳазор нафар довталабони синфҳои 9 имтиҳон месупоранд.

Бо таъсис ва ба фаъолият шуруъ намудани Марказ мушкилот, аз қабили зуҳуроти коррупсионӣ, тақаллубкорӣ, беадолатӣ, нобаробарӣ, тағобозию воситакобӣ ва ғайра зимни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Имтиҳонҳои дохилшавии марказонидашуда аз байн рафт.

Инчунин ташвишу саргардонии довталабону наздикони онҳо дар заминаи замонию маконӣ хотима ёфт. Дигар зарурате барои аз гӯшаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ ба муассисаи таълимӣ ҳозир гаштани довталаб бо сарфи вақту маблағи зиёд ҷиҳати имтиҳонсупорӣ намонд. Акнун ҳар довталаб дар маҳалли зисти худ (ё ба он наздик) метавонад, ки бо пардохти танҳо маблағи хизматрасонӣ дар Имтиҳонҳои дохилшавии марказонидашуда дар муҳлати муайян худро номнавис карда, баъдан имтиҳон супорад.

Довталабон ҳаққи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро доранд

Бо мақсади дастрасии баробари хоҳишмандон ва осонии кори онҳо, озоду шаффоф баргузор намудани имтиҳонҳо дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ тибқи ин низом марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда, ба ҷуз давраҳои асосии бақайдгирӣ, ҳамчунин барои онҳое, ки дар ин давра берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд ё бо сабабҳои узрнок дар ин давра худро номнавис карда наметавонанд, Марказ давраҳои иловагии бақайдгириро роҳандозӣ мекунад.

Аз он лиҳоз ки хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олию миёнаи касбӣ ҳангоми бақайдгирӣ ҳаққи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро доранд, имкониятҳои онҳо дар ин замина афзуд.

Аз ҳама муҳимаш, довталаб танҳо дар асоси донишу маҳорат ва лаёқати худ ба номи донишҷӯй сазовор мегардад. Номнависии довталабон ҷиҳати иштирокашон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва натиҷаи ин имтиҳонҳо низ низ тавассути технологияи муосир ва навтарин роҳандозӣ карда мешавад, ки ин барои шаффофу одилона ва бе тақаллубкорӣ гузаронидани онҳо муҳим аст.

Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии миёнаю олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси натиҷаи имтиҳонҳояшон ба таври худкор бо истифода аз барномаи компютерии махсус бе таъсири омили инсонӣ анҷом дода мешавад.

Марказ ба довталабон имтиёз низ медиҳад

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад, инҳо ятимон (бе падару модар) ва бепарасторони то 22-сола (яъне, ба синни 22 нарасида) ва маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва «кӯдакони маъюб» мебошанд.

Инчунин ба нафароне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 100 бал илова мешавад, инҳо фарзандони ба синни 22 нарасидаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 1-ум шудаанд, ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда мешаванд. Инчунин нафароне, ки дорандаи унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамояд, аз ин имтиёз бархурдор мешаванд.

Маркази мили тестӣ ба шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова менамояд, инҳо ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 2-юм гаштаанд, ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии ҷумҳуриявии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва довталабоне, ки 2 соли пурра хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, мебошанд.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 50 бал илова мешавад, инҳо ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки соҳиби медал барои ҷойи 3- юм шудаанд ва дорандагони дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳастанд.

Низоми имтиҳоноти тестӣ чӣ афзалият дорад?

Тибқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро Марказ дар шакли тестгузаронии варақаии мутамарказ (қисмҳои А ва Б) дар марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар намуди имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд.

Вобаста ба ин, низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар тӯли 9 соли амали худ нишон дод, ки бо истифода аз маводи тестӣ низ амалисозии вазифаи дар назди Марказ гузошташуда – арзёбии дониш ва маҳорату малакаи довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ дар асоси натиҷаҳои ин арзёбӣ комилан ва бидуни ҳеҷ норасоӣ имконпазир аст. Зеро дараҷаи дониш ва маҳорату малакаи гурӯҳ (контингент)-и ҳамасола дар имтиҳонҳо иштироккунанда, яъне омодагии онҳо бо истифодаи тест бидуни ҳеҷ мушкилу ноқисӣ ба таври воқеъбинона арзёбӣ карда мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси Маркази миллии тестӣ

Хотиррасон мешавем, ки ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ холисона, одилона ва ба таври шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ мебошад. Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонҳоро ҷорӣ кардаанд, нишон медиҳад, ки ин низом барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат болаёқат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш нақши муҳим мебозад.

Инчунин гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тестгузаронӣ мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
«БЕҲТАРИН ОМӮЗГОР». Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотӣ сазовори дипломи дараҷаи I гардид
Марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» доир гардид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид