«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии нависанда, публитсисити шинохтаи мамлакат Садриддин Ҳасанзода таҳти унвони «Қаламдорӣ-масъулияти ватандорист» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маҳфили адабӣ нахуст ёдоварӣ шуд, ки нависанда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» Садриддин Ҳасанзода дар ҳамовозӣ ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати рушди китобхонаҳои деҳот ва тарғиби китоб соли 2020 манзили истиқоматиашро ба китобхонаи оммавӣ табдил додааст. Ин китобхона аз ду толори барҳаво, китобхонаи электронии ба шабакаи интернет пайваст ва гӯшаи матбуоти даврӣ иборат мебошад.
Инчунин ба хотири ҳавасмандгардонӣ, ривоҷи истеъдоди хонандагон ва афзудани майлу рағбаташон ба таълим, инноватсия ва забондонӣ Садриддин Ҳасанзода аз ҳисоби нафақапулии худ ба 6 хонандаи соҳибистеъдод ҳар сол тибқи қарори шуъбаи маорифи ноҳия идрорпулӣ муқаррар кардааст.
Нависанда Садриддин Ҳасанзода дар зодгоҳаш мактаб бунёд кардааст, ки бо қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба номи қиблагоҳи ӯ — Абдуллои Ҳасан, устоди пахтаи тоҷик номгузорӣ шудааст.
Дар маҳфили адабӣ иброз гардид, ки нависанда Садриддин Ҳасанзода муаллифи 40 маҷмӯаи асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ-оммавӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва сиёсӣ мебошад.
Садриддин Ҳасанзода айни замон корманди муассисаи нашриявии «Ирфон» ва сардабири маҷаллаи илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ-публитсистии «Душанбе» мебошад. Ӯ соҳиби дараҷаи олии тахассуси омӯзгорӣ буда, чанд муддат ба ҳайси устод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам фаолият доштааст.
Садриддин Ҳасанзода муаллифи 7 филми мустанади телевизионии «Марди ҷонфидо», «Умри барқ», «Аҳорун», «Суруди зиндагӣ», «Ҷилои шамшер», «Бешаи палангон» ва «Фарас» мебошад.
Ӯ нависанда ва рӯзноманигори ҳақиқатнигор буда, повести аввалинаш соли 1989 аз тариқи нашрияи «Адиб» ба табъ расидааст.
Мавсуф муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳои қисса, ҳикоя, очерк, тарҷумаҳо — «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Рўшноӣ – растагорӣ. Роғун; баҳс ва воқеият», «Ашки қалам», «Нашъамандӣ ва ҷомеа», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Чароғи давра», «Мифтоҳи ганҷ», «Саҳифаҳои ҷолиб», «Иморати сухан», «Фарҳангшиносӣ» ва 150 мақолаи илмӣ – оммавӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






