Аз 18 август давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 29 август дар мамлакат давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Ин тадбир бо мақсади ба муҳити муассисаи таълимӣ одат кардани кӯдакон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба таҳсил дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат гузаронида мешавад.
10 рӯзи таълимӣ имкон медиҳад, ки кӯдакони 7-сола пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба фазои мактабӣ одат кунанд ва бо омӯзгорон, ҳамсинфон ва тартибу қоидаҳои муассиса шинос шаванд.
Давраи қабули ҳуҷҷатҳо аз 1 август оғоз гардида, тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад.
Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро ба тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корманди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мутахассиси муносибатҳои байналмилалии сол –2025» гардид
Ғолибони «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» муайян гардиданд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
Густариши ҳамкории илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Корея баррасӣ шуд
Байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ширкати академии «Bright»-и Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум имзо гардид
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд






