Ба нахустин хатмкунандагони факултети муштараки донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дипломҳо тақдим карда шуданд

Июль 28, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукуҳи супоридани дипломҳо ба нахустин хатмкунандагони факултети муштараки ин донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии ҳамоиш қадршиносии заҳмати чандинсолаи донишҷӯёни ботаҷриба ва омӯзгорони факултети муштарак, инчунин таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ байни ду муассисаи олии таълимӣ ва мустаҳкамсозии дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Факултети муштарак, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва  Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд таъсис ёфтааст, дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунии давлатӣ мутахассисони баландихтисос омода менамояд. Имсол нахустин гурӯҳи хатмкунандагон — симои насли нави мутахассисон, ки дониш ва таҷрибаи омӯхтаашонро ба манфиати ҷомеа истифода мебаранд,  дар фазои тантанавӣ  соҳиби диплом шуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода хатмкунандагонро бо ин дастоварди арзишманд табрик намуда, гуфт, ки «ин лаҳзаҳо на танҳо нишонаи заҳмату талоши чандсолаи шумо, балки далели ҳамкории босамар ва бародаронаи ду донишгоҳи бонуфузи минтақа мебошанд».

Дар ҳамоиш ба ҳамаи хатмкунандагон дипломҳои тасдиқкунандаи хатми муваффақонаи ду муассисаи бонуфузи таҳсилоти олӣ супорида шуданд.

Ҳамоиш нишонаи возеҳи ҳамгироии илмӣ ва таълимӣ байни Тоҷикистону Узбекистон буда, ба сифати намунаи ҳамкории муосир дар соҳаи таҳсилоти олӣ барои дигар донишгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арзиши омӯзишӣ дорад. Иқдоми муштарак дар оянда барои эҷоди барномаҳои бештар, таҳқиқоти илмии муштарак ва омоданамоии мутахассисони рақобатпазир дар арсаи байналмилалӣ замина мегузорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Июль 28, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд