БА ТАҚСИМОТ РОҲ ЁФТЕД! 21 июл натиҷаҳои даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд

ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 июл, аз соати 00:00-и шаб натиҷаҳои даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 эълонкарда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
21 июл маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб ба телефони мобилиаш, яъне танҳо холҳои ба даст овардаи ҳар довталаб дар шакли паёмак (SMS) фиристода мешавад.
Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:
1) рақами назоратии довталаб;
2) рақами даъватнома;
3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум), инчунин қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо).
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯ шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 25 июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
АКС аз бойгонӣ