Байни Литсейи №2-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва Мактаби байналмилалии «Paragon» Шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид

Июль 23, 2025 08:51

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Олимпиадаи байналмилалии «IKO – 2025» аз фанҳои математика ва забони англисӣ, ки 21  июл дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа оғоз  гардид, байни Литсейи №2-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва Мактаби байналмилалии «Paragon» Шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Имзои шартнома ба амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» барои ворид шудан ба фазои илму дониши муосири ҷаҳонӣ ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар раванди таълим равона гардидааст.

Дар доираи олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо фаъолияти Мактаби байналмилалии «Paragon»-и шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа шинос шуд. Пешниҳод карда шуд, ки лоиҳаҳои муштарак байни муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди фанҳои дақиқ гузаронида шаванд, зеро хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дониши хуб доранд ва ин омили асосии ҳамкории муваффақ дар оянда мебошад.

Мақсад аз иштироки хонандагони пойтахт дар ин олимпиада баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ворид шудан ба фазои олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешсаф дар ҳаракати олимпӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «IKO – 2025» аз фанҳои математика ва забони англисӣ  дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа то 27 июл идома меёбад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 23, 2025 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд