Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июль 3, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум то соли 2028 амал намуда, ба густариши ҳамкорӣ  дар соҳаи маорифи рақамӣ равона гардидааст. Инчунин тавсеаи муносибатҳои судманд байни Тоҷикистону Кореяро дар ин самт дар назар дорад.

Дар доираи он дар Корея метавонанд омӯзгорони тоҷик омӯзишҳои рақамӣ, таҳкими инфрасохтор ва татбиқи таҷрибаҳои муосири таълимиро омӯзанд.

Дар ҷараёни имзои Ёддошти тафоҳум масъалаи таҳияи муштараки маводи таълимӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) ва истифодаи самараноки таҷрибаи Корея дар таҳкими инфрасохтори рақамии мактабҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

    АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд