Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаӣ аз аҳолӣ тақдимшудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон 23 ҳазору 400 нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2025 аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 26 ҳазору 103 нусха китоб коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи китобхона супорида шуд.
Дар ин давра ба фонди Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон 41 ҳазору 849 нусха адабиёт ворид гардид. Аз ҷумла 38 ҳазору 671 нусха китоб, 1 ҳазору 409 маҷалла, 250 диссертатсияҳо, 250 авторефератҳо 26 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ ба қайд гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 июли соли 2025 фонди хизматии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои 3 миллиону 556 ҳазору 905 нусха китоб ва дигар маводҳои чопӣ мебошад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд






