Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур аслан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳимеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад.
Илова бар ин, ин қатънома ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ба ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Амалӣ намудани ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута мусоидат хоҳад кард:
— пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;
— роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
— ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
— ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
— пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Бешак, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон