Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалии экологӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалии экологӣ дар минтақаи Олтойи Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвазири Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мо аҳамияти ҳифзи сарватҳои табиӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳоро дарк намуда, барои нигоҳдорӣ ва афзун намудани ин захираҳо саъю талош менамоем. «Дар заминаи ин талошҳо бояд гуфт, ки Тоҷикистон солҳост, ки рӯзномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ муваффақона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 қатъномаи дахлдор қабул гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии об заминаи устувор гузоштаанд. Ин қарорҳо ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба Рӯзномаи 2030 дохил карда шудаанд, равона гардидаанд»,- иброз дошт Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.
Дар идомаи суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорон ба рушди энергияи «сабз» ва аҳамияти он дар ҳифзи иқлим ҷалб шуда, таъкид гардид, ки 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ тавлид мешавад. Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли энергияи аз манбаъҳои таҷдидшаванда бавуҷудоянда дар ҷаҳон ҷои шашумро мегирад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар миқёси байналмилалӣ ночиз аст ва аз рӯи ин раддабандӣ дар ҷаҳон мавқеи 130-юмро ишғол менамояд. Инчунин дар нақша аст, ки то соли 2032 Тоҷикистон пурра ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад.
Бо ёдоварӣ аз манбаи асосии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ будани пиряхҳои Тоҷикистон таъкид гардид, ки бо ташаббуси давлати мо соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон карда шуд.
Дар ин замина Фонди байналмилалии боварӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар он саҳми молиявӣ гузошт.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба гуногунии биологии Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки маҷмуи беназиру нодири набототу ҳайвонот, аз ҷумла зиёда аз 6,5 ҳазор намуди рустанӣ дар мамлакат мавҷуд аст. Вале бар асари тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи экосистемаи минтақа таъсири манфӣ мерасонад, ба бисёр намуди ҳайвоноту набототи ваҳшӣ нестшавӣ таҳдид мекунад.
Сарвазири Тоҷикистон дар тақвияти ин суханҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳифзи бузи морхӯр ҷалб намуд, ки дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ умр ба сар мебарад. Барои ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодир бо ибтикори роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли 2024 бо Қарори Маҷмаи Умумии СММ 24 май Рӯзи байналмилалии Морхӯр эълон гардид. Дар баробари ин дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028» амал менамояд, ки он ба ҳифзи ин намуди нодири ҳайвони ваҳшӣ нигаронида шудааст.
Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 10 гектар «Маркази барқарорсозии бабри барфӣ» таъсис ёфта, дар ин самт Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ҳамкории зич дорад.
Ба таъкиди Қоҳир Расулзода, барои ҳифзи табиат дар баробари тадбирҳои андешида ҳамзамон бояд маърифати экологӣ тақвият дода шуда, минтақаҳои муҳофизатшаванда ташкил ва барномаҳои барқарорсозӣ татбиқ гарданд, инчунин идоракунии устувори захираҳои табиӣ ба роҳ монда шаванд. Ба гунаи мисол метавон чанд объекти муҳофизатшавандаи кишварро ном бурд, ки аз онҳо Боғи миллии Тоҷикистон ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.
Дар анҷоми суханронӣ Қоҳир Расулзода изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории зичи кишварҳо метавонад муборизаро барои ҳифзи захираҳои табиӣ пурқувват намуда, амнияти экологиро тақвият бахшад.
Бояд ёдовар шуд, ки Конфронси байналмилалии экологӣ аз 24 то 26 июл дар осоишгоҳи «Манжерок»-и минтақаи Олтой баргузор мешавад. Дар кори он ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок доранд.


















Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид






