Сафари давлатии Президенти Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт

Июль 26, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ба хотири гусели меҳмони олимақом саҳни фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Муғулистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстӣ оро ёфта буд.

Барои гусел роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тараф саф оростанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон аз 23 то 26 июл идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ ва рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор шуданд.

Ҳамчунин Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар доираи сафари давлатӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд