Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Малдив дар Хуҷанд баргузор мешавад

Июль 22, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозии интихобии Ҷоми  Осиё-2027 Тоҷикистон — Малдив дар Хуҷанд  баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозии дастаи миллии Тоҷикистон ва тими Малдив 9 октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 18:00 оғоз меёбад.

Интихоби Хуҷанд ба унвони макони баргузории бозии дастаи миллии Тоҷикистон тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таблиғи футбол дар минтақаҳои мухталифи мамлакат ва барои мухлисон фароҳам овардани имконият барои пуштибонӣ намудани  тими мунтахаби Тоҷикистон аст.

Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд қаблан бозиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол, Ҷоми AFC ва ҳамчунин бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон баргузор шудаанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 22, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад