Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад

Июль 10, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душабе бо иштироки зиёда аз 100 нафар довталаб Озмуни «Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Дар озмун довталабон давоми ду рӯз барои ба даст овардани аттестати аъло донишозмоӣ менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки озмуни мазкур  на танҳо сатҳи дониши хонандагонро муайян мекунад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ташвиқ менамоянд. Изҳори итминон карда шуд, ки  аз байни ин довталабон олимону мутахассисони ояндаи мамлакат ба камол мерасанд, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Июль 10, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид