Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт

Июль 15, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони марказҳои матбуотӣ, рӯзноманигорон ва роҳбарони созмонҳои журналистӣ марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» оғоз гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» бо назардошти муҳиммияти самаранокии кори марказҳои матбуотӣ дар муаррифии фаъолияти дастовардҳои ниҳодҳои давлатӣ, густариши равобити мутақобили судманди онҳо бо рӯзноманигорон таҳия шудааст.

Иброз гардид, ки ҳадафи лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ байни котибони матбуотӣ ва расонаҳо барои инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин восита таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.

Сардори раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов иброз дошт, ки ин чорабинӣ на танҳо оғози марҳилаи ҳамкорӣ байни марказҳои матбуотӣ ва воситаҳои ахбори омма, балки замина барои ба роҳ мондани имконоти нав дар самти такмили ихтисос ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид мебошад. Ҳамин аст, ки ҳадафи аслии лоиҳа, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳамкории созанда байни мақомот мебошад.

Ҳамкории судманд байни рӯзноманигорон ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои соҳавии ҳар вазорату идораи давлатӣ буда, ба ин восита фаъолияти ниҳоди дахлдор дар фазои иттилоотӣ ба шакли зарурӣ пешкаши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонида мешавад. Аз ин рӯ ин лоиҳа барои рушд ва пешрафти марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат зарур ва саривақтӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳа бо иштироки мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорони ботаҷриба машғулияти амалии омӯзишӣ гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид