Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 45 ҳазор бех дарахти павловния парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон дар минтақаи Кӯлоб беш аз 45 ҳазор бех дарахтони павловния парвариш карда мешаванд, ки нисбат ба нақша ду маротиба зиёд мебошад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Муассисаи хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Тавре иброз гардид, ин тадбирҳо барои иҷрои Нақшаи амали «Барномаи рушди парвариши павловния дар минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2024-2028» дар минтақаи Кӯлоб андешида мешаванд.
Аз тарафи хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб дар 73,5 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, дар 90 гектар плантатсияи ҷангалҳои нав гузаронида шуд. Дар 511,4 гектар ҷангалҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуданд.
Дар ин давра дар 276 гектар пурракунонии зичии ниҳолҳои ҷангал гузаронида шуд, ки 108 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






