Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид

Июль 17, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Пекин сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо аъзои доимии Кумитаи Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Гусян вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, инчунин тақвияти пояҳои моддию техникии сохторҳои дахлдорро баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби мақомоти алоҳида амалӣ шудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, инчунин санадҳои ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда қобили таваҷҷуҳ шуморида шуд.

Инчунин ҷонибҳо ба масъалаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои мақомоти иҷро, такмили ихтисоси мутахассисон, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, беҳсозии низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҷониби Чин иттилоъ дод, ки дар низоми судии Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 100 ҳазор нафар, аз ҷумла судяҳо, ёрдамчиёни судяҳо ва иҷрочиёни суд фаъолият доранд. Солона беш аз 10 миллион парванда баррасӣ ва санадҳои дахлдор қабул мегарданд, ки 50 то 52 фоизи онҳо ба таври ихтиёрӣ иҷро мешаванд. Санадҳои боқимонда ба иҷрои маҷбурӣ пешниҳод гардида, дар натиҷа солона беш аз 2 триллион юан ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯёнида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 5 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ёддошт имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешрафтаи ҳарду давлат мавриди омӯзиш қарор гирифта, омодасозии кадрҳо, мубодилаи маълумоти соҳавӣ ва таъминоти техникию методӣ амалӣ гардад.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд