Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи «Шоми бокс» мегардад. Мусобиқа 22 июли соли 2025 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин хусус сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов 22 июл дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи «Winline. IBA.PRO 8» бо намояндаи Камерун Кристофер Муафо рӯ ба рӯ мешавад.
Баҳодур Усмонов чемпиони Осиё дар соли 2019 ва дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар соли 2023 мебошад, ки барои ҳимояи унвони қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабук бар зидди Кристофер Муафо (11-1, КО 6 ) аз Камерун, ки дар зинаи панҷуми раддабандии WBO қарор дорад, мубориза мебарад. Ин набард аз 10 раунд иборат буда, рақобати асосии мусобиқа маҳсуб мешавад. Он дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Дар набардҳои охираш Баҳодур Усмонов охири моҳи май дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи «IBA.PRO 6» дар раунди сеюм муштзани Филиппин Алберт Пагаруро (35- 2, КО 24) нокаут карда, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд. Кристофер Муафои 29-сола дар Швейтсария зиндагӣ мекунад ва аксари набардҳои касбии худро дар ҳамин давлат баргузор кардааст. Дар моҳи сентябри соли 2024 Кристофер Муафо камарбанди WBO Global-ро ба даст оварда буд.
Дар рақобати дуюми муҳими мусобиқаи «Winline. IBA.PRO 8» дорандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж- 2024 Давлат Болтаев барои унвони IBA.PRO Intercontinental бо муштзани Нигерия Соломон Адебайо (14- 0, КО 13) дар муборизаи 8-раунда рақобат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки моҳи майи имсол Давлат Болтаев дар мусобиқаи «Шоми бокс» дар шаҳри Душанбе бо Закари-Серж Мвого Амугу аз Камерун дар вазни +90,7 кг рақобат карда буд. Қувваозмоӣ дар раунди дуюм бо пирӯзии муштзани 26-солаи тоҷик бо нокаути фаннӣ хотима ёфт. Давлат Болтаев соҳиби камарбанди IBA.Pro гардид. Вай дар ҳамаи шаш рақобаташ дар бокси касбӣ дастболо шудааст.
Ҳамчунин дар доираи барномаи асосии «IBA.PRO 8» финалисти чемпионати ҷаҳон-2021 аз Федератсияи Русия Вадим Мусаев барои камарбанди IBA.PRO Intercontinental дар вазни то 67 кг бо муштзани Мексика Хосе Мигел Боррего (22 — 4, КО 18 ) рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа 22 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






