Дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд

Июль 18, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуда, 115 муассисаи тандурустӣ таъмир гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ва Беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким» дар шаҳри Бӯстон, Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маркази саломатии Қалъаи Дӯстии деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуданд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити моддию маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид, ки бунёд ва ба истифода додани биноҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ далели раднопазири ин гуфтаҳо аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳз дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври комил таъмин гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд