Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби омодагии доварони футболи Тоҷикистон ба нимаи дуюми мавсим, 10 июл дар шаҳри Турсунзода курсҳои панҷрӯзаи «FIFA MA Elite Referees Course» шуруъ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори ФИФА Лим Ки Чонг Ан Ян аз Маврикий мебошад, ки дар ду Ҷоми ҷаҳон – солҳои 1994 ва 1998 кор кардааст. Фитнес-инструктори курсҳо дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Юлия Тарасова аз Узбекистон мебошад.
Дар машғулиятҳо 35 нафар довари футбол – 14 довари марказӣ ва 21 ёвар иштирок мекунанд. Илова бар ин, дар байни иштирокчиён ду дастурдиҳанда аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов инструктори техникӣ ва Кристина Пронженко – фитнес-инструктор ҳам ҳастанд.
Курсҳои панҷрӯзаи ФИФА барои доварон дар Тоҷикистон аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, 14 июл ба поён мерасанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






