Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

Июль 16, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Тянҷини Чин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазирон ҷараёни татбиқи тавофуқоти дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду давлат дар Остона дар моҳи июни соли 2025 ҳосилшударо, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ самтҳои нав боз карданд, баррасӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И инчунин оид ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ибрози назар карданд.

Роҳбарони мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Чин доир ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, бахусус  омодагиҳо ба Саммити дарпешистодаи ин созмон дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Тянҷини Чин табодули назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид