Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба зиёда аз 1 миллион мусофир хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба зиёда аз 1 миллиону 44 ҳазору 271 мусофир хизмат расонид. Ин шумора 483 ҳазору 27 нафар мусофирони омада ва 561 ҳазору 244 нафар мусофирони рафтаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Зайнулло Шарифзода, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонида 3807 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 218 адад ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра фурудгоҳ ба 204 хатсайри чартерии ғайринақдӣ хизмат расонид.
Дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабулгардида ва интиқолёфта 578,9 тоннаро ташкил дод.
Аз ин шумора 515,7 тоннаро бори содиротӣ ва 63,2 тоннаро бори воридотӣ ташкил медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






