ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст

Июль 18, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 12 июли соли 2025 зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид.

Бояд гуфт, ки мероси таърихию фарҳангӣ чун баёнгари арзишҳои волои маънавӣ ва хотираи гузаштаи таърихӣ пайвасткунандаи дирӯзу имрӯз ва фардои миллатҳо буда, дар шинохту муаррифии таъриху тамаддун ва мақому манзалати ҷаҳонии миллати куҳанбунёду фарҳангсолор нақши бисёр муҳим ва аҳамияти ниҳоят калон дорад. Хусусан, мавқеъ ва мақоми ин ганҷинаҳои гаронбаҳои ниёгон, ки роҳи пур аз печу тоби таърихиро тай намуда, гузаштаи пурифтихори моро дар худ таҷассум мекунанд, дар шиносоӣ ва арҷгузории ин миллати куҳан ҷойгоҳи барҷаста дошта, дар баланд бардоштан ва устувор нигоҳ доштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии одамон, хусусан насли наврасу ҷавон нақши бориз дорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин мавзуъ осори куҳан ва ёдгориҳои таърихиро забони гӯёи фарҳанги миллат номида, таъкид намудаанд, ки «қарзи мову шумост, ки ин гуна осори фарҳангиро ҷустуҷӯю пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем».

Тавре коршиноси миллӣ, муҳаққиқи ЮНЕСКО дар бахши мероси фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов зимни суҳбат иброз намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо ЮНЕСКО, махсусан дар ҳамкорӣ бо Кумитаи мероси ҷаҳонӣ хеле фаъол буда, то имрӯз дар самти мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидааст. Аз ҷумла, ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани яке аз қадимтарин шаҳрҳои таърихӣ- Саразми Бостонӣ бо таърихи 5500-сола (соли 2010) намунаи он мебошад.

Ба иттилои мавсуф, соли 2022 бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимон, мутахассисон ва коршиносони миллию байналмилалӣ гурӯҳи корӣ барои таҳия намудани парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии «Хуттали Қадим» дар шакли силсиланоминатсия таъсис дода шуд.

«То оғози кор гурӯҳи корӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба вохӯриҳои корӣ анҷом дод. Масъалаҳо гузошта шуда, протоколҳо тартиб дода шуданд. Ҳамчунин вохӯрии коршиносони байналмилалӣ бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири фарҳанг (сарпарасти соҳа) баргузор карда шуданд. Дар марҳилае, ки парвандаи номинатсионии «Хуттали Қадим» омода мегардид, коршиносони байналмилалӣ ба Тоҷикистон меомаданд ва маҷлису вохӯриҳои корӣ қариб муддати чор сол мунтазам доир мешуданд»,-гуфт коршинос.

Бояд гуфт, ки мувофиқи банди 37 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2021 парвандаи номинатсионии ёдгориҳои таърихии вилояти Хатлон ба нақша гирифта шуда буд. Барои ин бо назардошти маълумоти илмӣ, археологӣ, бойгониҳо, барномаву стратегияҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои дахлдор зиёда аз 200 ёдгории таърихию фарҳангӣ рӯйхат карда шуда, ҳайати гурӯҳи корӣ тамоми ин дусад ёдгориро як-як аз назар гузаронида, барои таҳияи парвандаи номинатсионии «Хуттали Қадим» корҳои заруриро анҷом дод.

Ба иттилои Мирзошариф Абдусаломов, чун талаботи Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ва дар маҷмуъ ЮНЕСКО хеле ҷиддӣ аст, аз байни 200 ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон 11 адади он дар ниҳоят интихоб карда шуд.

Инҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҳалевард (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа (ноҳияи Фархор), Шаҳристони Ҳулбук, Қалъаи Ҳулбук, Манзартеппа (ноҳияи Фархор) ва Хиштеппаи (ноҳияи Ховалинг) мебошанд.

Ба маълумоти коршинос, объектҳои таърихию фарҳангӣ барои бедор кардани ҳувияти миллӣ, худшиносии ҷавонону наврасон ва завқи зебоипарастии шаҳрвандон нақши асосӣ мебозанд. Як хусусияти хоси объектҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим дар он аст, ки дар интихоби онҳо таҳаммулпазирӣ дида мешавад. Намунаи чор дини машҳуртарини ҷаҳонӣ дар ин ёдгориҳо бисёр барҷаста мушоҳида мешавад.

«Парвандаи номинатсионии «Хуттали Қадим» бо фарогирии 11 ёдгории таърихию фарҳангӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1000 саҳифа омода карда шуда, аз тариқи роҳҳои дипломатӣ ба дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ирсол карда шуд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки бори аввал моҳи марти соли 2023 ин парванда аз нигоҳи техникӣ комил арзёбӣ гардида, 11 ёдгории ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО (Tentative list) дохил карда шуданд. Ин қадами хеле муҳим ва дастоварди боарзиш барои миллати тоҷик ва махсусан мо, мутахассисон буд»,-иттилоъ дод Мирзошариф Абдусаломов.

Бояд гуфт, ки номинатсияи «Хуттали Қадим» аз ҷониби мутахассисони соҳа дар сатҳи баланди касбӣ омода шуда, ҳамчунин таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи кор бо ЮНЕСКО бештар гардид. Намунаи олии он соли 2024 таъсис додани Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (шаҳри Париж) ва таъйин намудани мутахассиси соҳаи фарҳанг ҳамчун намояндаи доимӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО аз 6 то 16 июли соли 2025 таҳти раёсати намояндаи Булғористон, профессор Николай Ненов баргузор гардид. Дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ 32 парвандаи номинатсионӣ баррасӣ карда шуданд, ки 24 адади он номинатсияҳои фарҳангӣ аз 24 кишвари дунё (дар бахши мероси фарҳанги моддӣ) буданд.

Ба иттилои Мирзошариф Абдусаломов, Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлат аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки номинатсияи «Хуттали Қадим» – ро бо фарогирии 11 ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон дар шакли силсилавӣ пешбарӣ намуд. Номинатсияи мазкур хусусияти миллӣ дошта, соли 2023 аз ҷониби гурӯҳи кории миллӣ ва байналмилалӣ таҳия ва аз тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод шуда, дар Рӯйхати пешакии ЮНЕСКО (Tentetive list) дохил шуда буд.

«Пазируфта шудани 11 ёдгории бостонии Хатлон дар рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ аз нақши муҳим доштани ин маконҳо дар таърихи минтақа дарак медиҳад, ки ин дастоварди беназири фарҳангӣ дар соли 2025 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ворид гардидани ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ уҳдадорӣ ва масъулияти шаҳрвандон ва махсусан масъулони соҳаро дучанд менамояд»,-чунин изҳор медорад коршинос.

Бояд гуфт, ки мувофиқи талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоб (16 ноябри соли 1972), ки Тоҷикистон онро эътироф намудааст, зарур аст ёдгориҳои ЮНЕСКО аз ғасб гардидан, тахриб шудан ва дигар омилҳои зараррасон ҳифз карда шаванд.

Мирзошариф Абдусаломов нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияи 47 –и Кумитаи мероси ҷаҳонӣ калидӣ меҳисобад. Ба андешаи ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати шоистаи фарҳангӣ ва дипломатияи фарҳангӣ мақоми муҳимро ишғол менамояд. Ба назари коршинос, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз минбари ЮНЕСКО ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қудрати таърихӣ ва фарҳангии худро ташвиқ менамояд.

Тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим-як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон мавҷудият доштааст. Ин давлат ҳамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фарҳангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 18, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

21 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Пиёзро кай ва чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Кадом маҳсулоти хӯрокаро беш аз як сол метавон захира кард?