Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд

Июль 7, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 дар заминаи муасссисаҳои  илмӣ- таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ин озмоишгоҳҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва  таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ амалӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 озмоишгоҳ, дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон  Умаров 1 адад, дар Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков  2 адад ва дар Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 адад озмоишгоҳ ба истифода дода шуданд.

Тибқи иттилои  масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  пас аз ба истифода додани 3 озмоишгоҳ базаи моддию техникии Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра гардид.

Иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илм ва олимон мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 7, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд