Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид

Июль 31, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар кори он раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор «Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда дар нимсолаи дуюми соли 2025» гузориш дод.

Инчунин дар маҷлиси масъалаҳо марбут ба татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2025 дар сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, таъсиси Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлоли Ватан Пешвои миллат аст!» баррасӣ гардиданд.

Дар маҷлис ҳамзамон доир ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои баргузории озмуни адабиву фарҳангӣ таҳти унвони «Роғун-нурбахши роҳи фардои Ватан»,тасдиқи Низомнома ва ангораи Фестивал-Озмуни «Таомҳои миллӣ ва тарабхонаи беҳтарини соли 2025» ва тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2025 ва дигар масъалаҳои ташкилӣ муҳокима гардиданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод «Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда дар нимсолаи дуюми соли 2025» шунида шуд. Гуфта шуд, ки соли 2025 бо рӯйдодҳои фарраҳбахшу таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории навинамон бо хатҳои заррин сабт гардида, саҳифаи пурҷилои таърихи тоҷикон дар замони давлатсозӣ ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гардид.

Тибқи нишондоди ҳисоботи оморӣ, ба ҳолати 30 июни соли 2025 15 ҳазору 748 нафар аъзои ҳизб дар 3 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 156 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шудаанд. Аз ин шумора 9 ҳазору 209 нафар ё 58 фоизро занон ва 6052 нафар ё 38 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1553 нафар ба узвияти ҳизб қабул карда шуданд. Аз шумораи умумии 1553 нафар аъзои ҳизбе, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба сафи ҳизб аъзо шуданд, 148 нафарашонро аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2025 нишон доданд, ки 1553 нафар аъзои ҳизб аз ҷониби 37 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба сафи ҳизб қабул карда шудаанд ва 122 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ нисбат ба қабул ба сафи ҳизб беэътиноӣ зоҳир намуда, ягон нафарро ба сафи ҳизб аъзо накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ хеле зиёд ба назар мерасад.


Ҷиҳати таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандустӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бурдани эҳсосу ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи сартосарии кишвар, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқаддасоти Ватан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон ба забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ҳамчун забони қадимаи олам ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ баргузории маҳфил-озмунҳои «Тоҷикистони ман!», «Шоҳнома Ватан аст!», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Насли хушбахти замону, зодагони истиқлолем!», маҳфил-озмунҳои базми ғазал таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар шинохти осори миллӣ», озмунҳои «Ватанпарвар» таҳти унвони «32-қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!», «Бо ту ифтихор дорам, Ватан», Фестивали «Ватандӯстӣ ва рушд» ва «Сайри Ватан, шукри Ватан ва рушди Ватан рисолати мо ҷавонон аст» иқдомҳое буданд, ки дар сатҳу сифати нав гузаронида шуданд ва барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавон мусоидати фаъол намуд.

Дар идомаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳидоятҳои Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, озмуни «Ватанпарвар» таҳти унвони «Кист сарсупурдаи Ватан — ману туем», Хизмат ба Ватан оини ҷавонмардист», бахшида ба Рӯзи Модар мулоқоту вохӯриҳо дар мавзуъҳои «Баланд бардоштани фарҳанги маданию сиёсии ҷавондухтарон», «Фарҳанги оиладорӣ», дар маҷмӯъ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ 156 чорабинии фарҳангӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, 5 мусобиқаи варзишӣ, 21 маҷлиси дастаҷамъона, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», аксияи «Ҷавонон ва Пешвои ҷавонпарвар», «Пешвои Қаҳрамону роҳбар дорем», «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар меҳвари Барномаи ҲХДТ», «Пешвои миллат ҳомӣ ва раҳнамоӣ ҷавонон» «Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем», аксияи «Тозагии соҳил – 2025» аз иқдомҳое арзёбӣ мегарданд, ки бо ҷалби васеи ҷавонон гузаронида шуда, ба руҳияи ватандӯстии онҳо таъсири мусбат гузошт.

Бо мақсади таблиғу ташвиқи бештари ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» зиёда аз 56 маводи иттилоотӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр карда шуд.

Ҳамзамон дар кори маҷлис нақшаи чорабиниҳо барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор тасдиқ карда шуд.

Бо ҷонибдории аъзои Кумитаи иҷроия Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 160 иқдом таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлоли Ватан Пешвои миллат аст!» таъсис дода шуда, ангораи он тасдиқ карда шуд.

Дар маҷлис гурӯҳи корӣ ҷиҳати баргузории озмуни адабиву фарҳангӣ таҳти унвони «Роғун-нурбахши роҳи фардои Ватан» таъсис дода шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва муаррифии бештари таомҳои миллӣ бори нахуст дар шаҳри Ҳисор Фестивал-Озмуни “Таомҳои миллӣ ва тарабхонаи беҳтарини соли 2025” гузаронида мешавад. Дар маҷлис Низомнома ва ангораи Фестивал тасдиқ карда шуда.

Дар маҷлис нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2025 тасдиқ гардид.

Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида, корҳои идеологӣ ва мафкурасозиро дар маҳалл вусъат бахшида шаванд.

Дар анҷом ба як зумра фаъолони ҳизбӣ, ки дар фаъолияти корӣ ва ҳизбӣ садоқати баланди сиёсӣ зоҳир намудаанд, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб супорида шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Июль 31, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 39 дараҷа мерасад
Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст