Масъулини ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Муғулистон масъалаи коҳиш додани хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи имзои ин Ёддошт роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон вохӯрӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо густариш додани табодули таҷриба дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, табодули таҷриба оид ба таъмини алоқа, огоҳсозии иттилоотии аҳолӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода ва системаи огоҳсозӣ ва табодули технологияи навро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҳайати меҳмонони Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон бо Маркази идоракунии буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардиданд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки ин марказ дорои тамоми шароити хизмативу майишӣ буда, ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Он дар Тоҷикистон маркази ягона дар самти ҳолатҳои фавқулода ва омӯзиши ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Дар доираи баимзорасии Ёддошти тафоҳум фаъолияти соҳа дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таҳким меёбад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






