НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» назорати бехатарии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст

Июль 22, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 декабри соли 2020 дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати бехатарии меҳнат бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин реҷаи шабонарӯзӣ новобаста аз эълон гардидани мораторий, ки то соли 2027 мебошад, гузаронида мешавад. Чунин иброз дошт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

«Дар баъзе мавридҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 20 ҳазор нафар кор мекунанд ва тамоми намуди техника ва таҷҳизот истифода бурда мешавад», — гуфт Санъат Раҳим

Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Аммо новобаста ба ин ҳамасола ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш фориғболии кормандон мебошад.

«Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад»,-иброз гардид дар нишасти матбуотии хадамот.

Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ то соли 2027 аз ҷониби кормандони хадамот танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд