НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 10 ёдгории таърихию фарҳангӣ бозёфт гардид

Июль 21, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми пешбурди корҳои азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ёдгории таърихию фарҳангӣ бозёфт гардида, ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳри Норак 2 ёдгории бостонии мансуб ба асрҳои 7-8 мелодӣ-суҳбатгоҳҳои будоӣ, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин — 3 ёдгории бостонии мансуб ба давраи Сосониён, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – 2 мавзеи сангнавиштаҳо мансуб ба асрҳои миёна, ноҳияи Айнӣ 3-ёдгории бостонӣ-меъмории мансуб ба асрҳои миёна бозёфт гардиданд.

Ҳамчунин зимни пешбурди корҳои азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ миқдори зиёди осори ҳунармандӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, сикказанӣ ва шаҳрсозии ниёгон кашф гардида, раванди азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар мамлакат мунтазам идома дорад.

Ба иттилои директори агентӣ, дар ҷараёни азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  дар шаҳри Турсунзода муайян гардид, ки баъзе аз онҳо тахриб гардидаанд ва дар ин самт корҳои барқароркунӣ идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд