НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6505 нафар дорои дараҷаи илмӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 6505 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 986 нафар доктори илм, 5275 нафар номзади илм ва 244 нафари дигар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Дар давраи фаъолияти комиссия шумораи кормандони илмӣ нисбат ба соли 2017 бамаротиб зиёд гардида, ҳоло ба ҳар сари 1000 нафар аҳолӣ 0,65 корманди илмӣ рост меояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод.
Яке аз самтҳои асосоии фаъолияти комиссия додани унвонҳои илмӣ мебошад. Дар ин замина дар шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 235 дархост, аз ҷумла 27 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор ворид шудааст. Аз онҳо 154 дархост қонеъ (аз ҷумла 14 дархост барои унвони профессорӣ) шуда, 15 дархост бозпас гардонида ва 66 дархост дар баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили ҳимояи якдафъаина 35 дархост ворид шудааст, ки 33-тои он ба коркарди иловагӣ баргардонида шуд. Аз ин шумора 14 дархост ба самти илмҳои табиӣ- табиӣ-математикӣ ва техникӣ, 6-то ба самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ, аграрӣ ва 15-то ба самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рабт дорад.
Аз 3151 диссертатсияи воридшуда ҳимояи 238 адад ё 7,6%-и онҳоро ҳимояи якдафъаина ташкил менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






